Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни “Сайри гули лола” доир шуд

Бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3-уми январи соли 2023 ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, дӯст доштани табиат , баланд бардоштани завқи эстетикӣ ва оммавигардондани анъанаҳои миллӣ, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷашнвораи  «Сайри гули лола» дар кишвар баргузор мегардад.

Фестивал дар ду давр: ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баргузор гардида, ғолибон ба коммисияи ҷумхурияви пешниҳод карда мешаванд, иброз дошт Сайидакрам Акрампур сармутахассиси сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе.

Зимни суханронӣ Сайидакрам Каримов аз минтақаи асосии паҳншавии гули лола ёдовар гардида, таъкид дошт, ки дар гузашта мардуми тоҷик иди лоларо ҷашн мегирифтанд, ки натиҷа гули лола аз Точикистон ба Осиёи Хурд, Туркия, Ҳоланд ва дигар кишварҳо паҳн шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки шаҳри Душанбе яке аз пешсафони кабудизоркунӣ, боғдорӣ ва гулпарварӣ дар кишвар ва ғолиби бечуну чарои озмуни «Сайри гули лола» ба ҳисоб меравад.

Саломат Назарзода,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE