Дар Душанбе масъалаи амалӣ намудани лоиҳаи системаи зеҳнии нақлиёт баррасӣ гардид

Дар пойтахт вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода бо директори департаменти фурӯши хориҷии «Rexgen co LTD» баргузор гардид, хабар доданд дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Зимни мулоқот ҷонибҳо амалӣ намудани лоиҳаи системаи зеҳнии нақлиётро матраҳ намуданд, ки ба баланд бардоштани самаранокии бехатарии роҳҳо ба ҳалли мушкилоти нақлиётии афзояндаи аҳолӣ ва татбиқи Стратегияи миллии рушди логистика ва марказҳои нақлиётӣ мусоидат мекунад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба амалӣ намудани ин лоиҳа дар шаҳри Душанбе, ки ба рушди муассир ва устувори низоми нақлиёт мусоидат мекунад, гуфтугӯи судманд доир шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE