Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Чин дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид

Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Фенчао, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо ҳайати ҳамроҳонаш Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик шинос гардид, хабар доданд аз ин осорхона.

Зимни сайри осорхонавӣ меҳмонон бо толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ, ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Фенчао аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навишт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE