Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии тандурустӣ иштирок дорад
Аз 27 май то 1 июни имсол дар шаҳри Женеваи кишвари Швейтсария иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии тандурустӣ баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок доранд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар Кумитаи генералии Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҳайси аъзо интихоб шудааст, ки намояндаи давлати мо академик Саломудин Юсуфӣ мебошад.
Дар Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар байни 192 давлати аъзо ҳамагӣ 17 намоянда барои Кумитаи генералии Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ интихоб мегардад ва ин мояи ифтихор аст, ки имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон низ узви он гардидааст.
Дар рӯзи якуми чорабинӣ дар баробари иштирок дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии тандурустӣ вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори минтақавии Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории вазоратро бо ин ташкилоти бонуфуз баррасӣ намуданд.
Инчунин 28 май ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои дуюм ва сеюми Кумита, ки дар он масъалаҳои лоиҳаи Барномаи 14-уми ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ва маблағгузории устувор барои иҷрои ин барнома муҳокима гардиданд, иштирок намуд.
Гуфта шуд, ки дар доираи баргузории чорабинӣ 26 май вохӯрии навбатии ғайрирасмии вазирони тандурустии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти раисии Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гашт, ки дар он ҷараёни татбиқи «Харитаи роҳ» барои мусоидат ба саломатӣ ва некуаҳволии давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гашт.
Дар доираи иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд инчунин вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон Асилбек Худоёров ва Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон Амимқодир Бейшеналиев низ доир гашт.
Бояд гуфт, ки иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии тандурустӣ то 1 июн дар шаҳри Женеваи Швейтсария идома меёбад.