Раиси вилояти Суғд бо Сафири Ҷумҳурии Корея мулоқот кард
4 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсокро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар мулоқоти ҷонибҳо таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун баррасӣ карда шуд.
Раиси вилоят ба дипломати куриёӣ доир ба захираву имкониятҳои вилояти Суғд маълумот дода, илова намуд, ки бо сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Тоҷикистону Корея ҳамкории зич доранд. Таъкид гардид, ки соли 2023 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 127 миллион долларро ташкил додааст ва вилояти Суғд омода аст равобитро боз ҳам беҳтар намуда, барои ташкили корхонаҳои муштарак шароит фароҳам оварад. Истифодаи таҷрибаи пешқадами соҳаи саноати Корея, ташкили корхонаи истеҳсоли техникаҳои маишӣ ба манфиати кор арзёбӣ карда шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок аз истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои гуногунсамт таъкид кард.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади густариши робитаҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки он метавонад барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф низ мусоидат намояд.
Сипас, дар ДДҲБСТ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок маросими кушодашавии расмии “Гӯшаи Куриёӣ” доир гардид.