Дар Тоҷикистон то 10 август Даҳаи дастгирии шири модар доир мешавад

1 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бахшида ба Ҳафтаи дастгирии шири модар, ки дар ҷаҳон доир мешавад, таҳти унвони «Аз байн бурдани фосила дар синамаконӣ. Дастгирӣ намудани синамаконӣ барои ҳамаи занон» ҳамоиш баргузор шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Таҳлили солҳои охир дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ гузаронида нишон медиҳад, ки додани шири модар ба кӯдак солҳои пеш 34 фоизро ташкил медод ва дар айни замон он ба 41 фоиз расидааст. Инчунин додани шири сунъӣ ба кӯдакон дар деҳот бештар ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, хосатан дар байни занон бештар намудааст. Зеро кӯдаконе, ки аз ҳама бештар шири сунъӣ истеъмол мекунанд, то 10-15 маротиба зиёдтар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1994 корро дар соҳаи дастгирӣ ва ёрӣ дар синамаконии атфоли навзод оғоз карда буд. Бинобар ин, аз соли 1998 сар карда, то кунун дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 асоси муваффақонаи синамаконии атфол амалӣ мешавад. Ҳамзамон дар ин самт дар мамлакат «Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020 – 2025» таҳия шуда, амалӣ мегардад.

1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак- ин аз рӯзи ҳомиладорӣ то 2-солагии кӯдак ба ҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ-руҳии кӯдаконро дар бар мегирад.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи тандурустӣ, синамаконӣ на танҳо барои модарон ва кӯдакон муҳим аст, балки ин амал сармоягузории оқилона низ ба ҳисоб меравад. Фоиданокии шири сина дар баробари дигар узвҳо, пеш аз ҳама, ба майнаи сари кӯдак мерасад. Аз нуқтаи назари олимони соҳаи тандурустӣ, кӯдаконе, ки шири модарро зиёдтар хӯрдаанд, майнаи сарашон босуръат рушд мекунад. Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару модарон нисбат ба тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон- гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар, тарзи дуруст додани шири модар, омӯзонидани занҳои ҳомила ва ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар ин рӯзҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии шири модар баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб ин маърака ҳамчун Даҳаи дастгирии шири модар аз 1 то 10 август доир карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE