Дар нимсолаи аввалисоли ҷорӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 12 муассисаи таълими хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ” Дар бораи  “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  Озмуни ҷумҳуриявии   ” Бехтарин ҳуқуқдон” -ро байни донишҷӯёни Макотиби таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Дар озмуни мазкур 27 донишгоҳҳои олии кишвар иштирок намуданд, ки ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо диплом ва маблағ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Убайдулло Асрорзода -ректори Донишгоҳи мазкур иттилоъ дод.
Ба таъкиди масъулин,  дар ин давра ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо бо беш аз 30 корхонаву ташкилоти истеҳсолию хизматрасонии ватанию хориҷӣ  дар мавриди гузаронидани таҷрибаомузиҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Зимнан дар давраи ҳисоботӣ таҷрибаи ҷалби омӯзгорон аз ҳисоби кормандони муваффақи мақомоти идоракунӣ, корхонаҳои истеҳсоли бонкҳо, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳию  хизматрасонӣ ва амсоли онҳо роҳандозӣ гардида, зиëда аз 60 нафар корманд аз истеҳсолот ба фаъолияти омӯзгорӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар нимсолаи аввалисоли ҷорӣ Донишгохи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Точикистон бо 12 муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои таълимӣ-таҳқиқотии хориҷӣ шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки онхо аслан дар самти барномахои таҳсилоти муштарак будаанд.
Тоҷиддин Сатторзода,
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE