Раҳмон Озода Эмомалӣ бо Вазири (Роҳбари) Девони амирии Давлати Кувайт Шайх Муҳаммад Абдулло ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот намуд

 Дар Кувайт Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ бо Вазири (Роҳбари) Девони амирии Давлати Кувайт Шайх Муҳаммад Абдулло ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масоили таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи барои ҳарду кишвар судманд, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва сайёҳӣ, баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба тамосҳои сатҳи олию  баланди минбаъдаи ду кишвари дӯст ва баргузорсозии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо  терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ — Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе» зоҳир гардид.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE