ҒАЛАБАИ МУШКИЛИ БАРСЕЛОНА ДАР МЕҲМОНӢ
Варзишгоҳи Бенито Вилямарини шаҳри Бетис мизбони рақобати дастаҳои Бетис ва Барселона дар даври 22-уми Ла-Лигаи Испания ба шумор мерафт. Дастпарварони Рональд Куман ҳарчанд ба мушкилиҳам бошад дидори мазкурро бо ҳисоби 2 бар 3 ба суди хеш пушти сар карданд. Ҳисоби дидорро соҳибони майдон кушоданд. Борха Иглесиас дар дақиқаи 38-ум голи якуми дастаашро ба самар расонид. Бо ҳамин қисми аввали рақобат ба поён расид. Дар нимаи дуюми рақобат аниқтараш дар дақиқаи 59-ум футболбози бомаҳорату шинохтаи каталониҳо Леонел Месси таносубро баробар кард. Дар дақиқаи 68-ум бо як иштибоҳ муҳофизтагари марказии Барселона Виктор Руис Торре ногаҳон тӯбро вориди дарвозаи худ намуду имтиёзи соҳибони майдонро бештар кард. Аммо бо ин қаноат накарда Виктор Руис Торре дар идома тавонист, ки бо як голи задаи хеш ба дарвозаи ҳариф дар дақиқаи 75-ум иштибоҳи худро пӯшонад. Омори дидори мазкур аз оғоз ба суди каталониҳо буд. Ҳарчанд бештар ҳамлаҳои хавнок аз ҷониби соҳибони майдон ба назар мерасид. Нуқтаи ниҳоиро дар дидори мазкур Франсишку Тринкан дар дақиқаи 87-ум гузошта бо ҳамин пирӯзии навбатии дастаи Барселонаро бо ҳисоби 2 бар 3 таъмин сохт. Пас аз ин ғалаба Барселона бо ба даст овардани 43-имтиёз ҳамоно зинаи сеюмро пас аз рақиби сарсахташ дастаи Реал касб намудааст.
Султонов Шодонҷон
Садои Душанбе