Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
18 декабр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Комиссия оид ба тандурустии ноҳияи Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Иброз гардид, ки солҳои охир ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад.Таъкид шуд, ки дар густариш ёфтани ҳамкории мамлакатҳо дар соҳаи тандурустӣ нақши роҳбарони ҳарду давлат бузург аст.Ҷонибҳо доир ба татбиқи мувофиқаҳои дуҷониба, шиносоии меҳмонон бо вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон