Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд

Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон    кумакҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз либосҳои зимистона ва туҳфаҳо   расонида шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Кумакҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зимни суҳбат бо тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ иброз дошт, ки «Пешвои миллат ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Ҳамасола бо мақсади такмили донишу истеъдод ва ҳунару маҳорати хонандагон дар мамлакат озмунҳои мухталиф баргузор мегарданд.

Ҳавасмандгаронии довталабони озмуну олимпиадаҳо бо ҷоизаю маблағҳои пулӣ ва муқаррар кардани баъзе имтиёзҳо ба онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ  кӯдакону наврасонро водор месозад, ки бештар китобҳои бадеӣ ва илмӣ-риёзӣ  мутолиа карда, савияи дониши худро боз ҳам баландтар бардоранд».

Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ба Пешвои миллат барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳо изҳори сипос карда, баён доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, бо рафтору кирдори намунавӣ мактабро хатм ва ба Тоҷикистон  содиқона хизмат менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE