КҲФ: Чор узви як оила дар ноҳияи Шоҳмансури аз дуди ангишт заҳролуд шуданд

Сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мурофиаи гражданӣ хабар додааст, ки дар ноҳияи Шоҳмансур шаби санаи 24 декабри соли 2024, дар маҳаллаи Ховарон, шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансур,  4 нафар шаҳрвандон, аз ҷумлаи аъзои як оила аз дуди ғализи ангишт заҳролуд шуда, ба беморхонаи марказии тиббии №3-и шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд.

Гуфта мешавад, айни замон беморон дар ҳуҷраи наҷоти шуъбаи заҳролудшудагон таҳти назорати табибон қарор доранд. 

Дар хабар гуфта шудааст, ки заҳролудшудагон модари хонадон 33 сол дорад. Се нафар яке 13-сола, дуюмӣ 10-сола ва сеюмӣ чорсола мебошанд.

Сабаби ин ҳодиса риоя накардани қоидаҳои бехатарии истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳост.

Гуфтанист, ки рӯзи 17 декабри соли 2024 ҳам чунин ҳодиса дар маҳаллаи Себзори ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон рух дода буд. 4 кӯдаки ноболиғ аз як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуданд ва аз ҳуш рафтанд.

 Кӯдакон фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Муаассифона, бар асари расидани зарари бештар ва заҳролудӣ бо дуди ангишт ду нафари онҳо  ҷони худро аз даст доданд.

Кӯдакон фавтида яке 6-сола ва дуюмӣ 13-сола буданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE