22-юми январ дар Туркия рӯзи мотам эълон шуд

Шаби Сешанбе дар як меҳмонхонаи маркази лижаронии Карталкая дар вилояти Болуи Туркия сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ сӯхтор зуд тамоми биноро фаро гирифта, боиси хисороти зиёд шудааст. Дар ин робита Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Йерликая гуфтааст, ки шумораи фавтидагон аллакай ба 76 нафар расидааст.

Тибқи иттилои охири вазорати корҳои дохилии Туркия дар натиҷаи сӯхтор дар меҳмонхонаи маркази лижаронии Карталкая 76 нафар ба ҳалокат расидааст. Қаблан дар бораи 51 қурбонӣ хабар дода шуда буд. Баъзе аз ҷароҳатбардоштагон дар ҳолати вазнин қарор доранд. «Тибқи маълумоти охирин, шумораи фавтидагон 76 нафар буд. “Ҷасади 45 нафари онҳо ба хешовандонаш супурда шуд” – гуфт сардори Вазорати корҳои дохилии Туркия. Сӯхтор дар меҳмонхонаи 12-ошёнаи “Гранд Картал” соати 03:27 ба вақти маҳаллӣ сар задааст. Ин оғози таътили миллии дуҳафтаинаи мактаббачагон дар Туркия буда, авҷи мавсими лижарониро ташкил медод, аз ин рӯ дар меҳмонхона 234 меҳмон ҳузур доштанд. Абдулазиз Айдин, волии Болу гуфтааст, ки тибқи гузоришҳои муқаддамотӣ, сӯхтор дар тарабхона дар ошёнаи чаҳоруми меҳмонхона сар зада, ба ошёнаҳои боло паҳн шудааст. Меҳмонхона аз маркази Болу хеле дур аст. Ҳавои сард боиси он гардид, ки  сӯхторнишонҳо ба ҷои ҳодиса пас аз як соат ҳозир шаванд.  Кӯшишҳои наҷотбахшӣ то субҳ идома ёфта, тибқи гузоришҳо, наҷотдиҳандагон то ҳол талош доранд, то ба қисматҳои меҳмонхона бирасад. Ба иттилои расонаҳои Туркия, дастикам ду нафар бар асари ҷаҳидан аз тирезаҳои меҳмонхона ба ҳалокат расидаанд. Шабакаи телевизионии NTV хабар дод, ки бархе аз афрод бо истифода аз рӯйпӯшҳо талош кардаанд, аз утоқҳои худ фирор кунанд. Наворҳои телевизионӣ нишон медиҳанд, ки бом ва ошёнаҳои болоии меҳмонхона ба коми оташ рафтаанд. Сабаби сар задани сӯхтор то ҳол маълум нест. Вазири адлияи Туркия Йилмаз Тунч гуфтааст, ки додситонӣ ба тафтишот ҳамроҳ шудааст. Зимнан Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ба хонаводаҳои қурбониён тасалият гуфтааст. Дафтари волӣ гуфт, ки ба маҳалли сӯхтор 30 мошини оташнишонӣ ва 28 мошини ёрии таъҷилӣ фиристода шудааст.

Мижгона Насриддин

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE