ҶОИЗАҲОИ “ПАРАСТУ-2025”
1.Шоҳҷоизаи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2025» ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ барои намоиши «Достони Сиёвуш» аз рӯи “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода дода шуд.
2. Ҷои аввал ба Театри муси Қӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «ЯЛ» аз рӯи “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ дар таҳияи Умед Хисравов дода шуд.
3. Ҷои дуюм ба Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара барои намоиши «Ривояти суғдӣ» -и С.Улуғзода дар таҳияи Саидакрам Алимов дода шуд.
4. Ҷои сеюм ба Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоиши «Бозгашт»-и Фарҳод Ғаффорпур дода шуд.
5. Ҷоизаи «Беҳтарин ансамбли актёрӣ» намоиши «Зангирӣ ё дамгирӣ»-и Султон Сафаров дар таҳияи Қурбон Шукурзода ба Театри мусиқӣ -мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дода шуд.
6. Номинатсияи «Коргардони беҳтарин» ба Хуршед Мустафоев барои таҳияи намоиши «Базм дар айёми вабо» -и А.С.Пушкин дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский дода шуд.
7. Номинатсияи «Беҳтарин на Қши мардона» ба Дмитрий Мурзинов барои иҷрои нақши Роҳиб дар намоиши «Базм дар айёми вабо»-и А.С.Пушкин дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский дода шуд.
8. Номинатсияи «Беҳтарин на Қши занона» ба Рухшона Улфатова барои иҷрои на Қши Татяна дар намоиши «Евгений Онегин» -и А.С. Пушкин дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов дода шуд.
9. Номинатсияи «Беҳтарин нақши балет» ба Фарангис Саидзода барои на Қши Томирис балети «Куруши Кабир»-и Амирбек Мусозода дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дода шуд.
10. Номинатсияи «Беҳтарин нақши эпизодӣ» ба Тоҳир Маликов барои иҷрои на Қши Ҳамсоя дар намоиши «Санду Қчаи сеҳрнок»-и Ш.Маҳкамов дар Театри давлатии ӯзбекии драмавӣ – муси Қии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен дода шуд.
11. Номинатсияи «Беҳтарин ороиши саҳна» ба Хайрулло Давлатов барои намоиши «Зангирӣ ё дамгирӣ»-и Султон Сафаров дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дода шуд.
12. Номинатсияи «Беҳтарин намоиши лӯхтак» намоши “Саргузашти Хоҷа Насриддин ва Иванушка” дар Театри давлатии л ӯхтаки ба номи А.Мақсудии шаҳри Бӯстон дода шуд.
13. Номинатсияи “Фарҳанги волои саҳнавӣ” ба Мирзомуддин Раҳмонов барои нақши Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар намоиши “Ахтаре дар Хатлонзамин” дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб дода шуд.