КҲФ: Боз як заминларза дар Рашт
22 апрели соли 2025 соати 10:04 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 22 апрели соли 2025 соати 10:04 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Маркази заминларза дар 166-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 29-километрии шарқи минтақаи Рашт, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ буд.
Қувваи заминларза дар маркази заминларза 4 балл ва дар Рашт 2-3 баллро ташкил додааст. Дар пойтахт заминларза ба қайд гирифта нашудааст.
Манбаъ: Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон