Дар давоми 24 соати охир дар саросари кишвар шамоли сахт, омадани сел ва сангрезиҳо ба қайд гирифта шудааст
Санаи 21 апрели соли 2025, соати 09:50 дақиқа дар километри 423 ва 427 шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки аз ҳудуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ мегузарад, сангрезӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора радиои “Садои Душанбе” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ медиҳад.
Бар асари резиши санг роҳ баста шуда, барои бартараф намудани оқибатҳои он техника ва кормандони хадамоти роҳ сафарбар карда шуданд. Дар соати 14 ва 12 дақиқа майдонҳо тоза карда шуда, роҳ кушода шуд.
Дар натиҷаи обшавии зиёди барф соати 10:43 дар километри 29-уми шоҳроҳи ҷумҳуриявии Рӯшон-Бартанг, ки аз ҳудуди шаҳраки Шавазуд, дар наздикии деҳаи Хиҷози ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ мегузарад, сел омад. Дар натиҷаи омадани сел роҳ баста шуд. Дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
21-уми апрели соли 2025, соати 19:45 шамоли сахт боми бинои истиқоматии сокини ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замирови ноҳияи Ишкошими ВМКБ-ро канда бурд. Хисоротро комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия муайян мекунад.
Бар асари омадани сел, сангрезӣ ва борон талафоти ҷонӣ нест.