Полиси Кохи Сафед занеро, ки барои Байден нома оварда буд, бо таппонча дастгир карданд

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи ИМА занеро дар назди Кохи Сафед боздошт карданд, ки дар дохили мошинаш таппонча ёфт шуд. Вай изҳор дошт, ки мехост ба президент Байден номае расонад, менависад шабакаи “Fox News бо истинод ба идораи полиси ИМА.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи шанбе ин зан, ки 66 сол дорад, ҳамроҳ бо марде, ки бо худ таппончаи пневматикӣ дошт, ба идораи дидбонии Кохи Сафед наздик шуд. Ӯ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфт, мехоҳад ба Байден нома диҳад.

“Кормандони полис мошини ӯро, ки дар наздикии Кохи Сафед меистод, кофтукоб карданд ва аз он таппончаи пневматикӣ ёфтанд. Ба ин далел, зан боздошт шуд”, – менависад шабакаи “Fox News” бо истинод ба идораи полиси ИМА.

Нашрияи “TMZ” тавзеҳ медиҳад, ки силоҳи аз зан ёфтшуда дар ҳеҷ куҷо ба қайд гирифта нашудааст. Аз рӯи ин қазия парванда кушода шуд, онро Хадамоти махфии ИМА, ки амнияти Кохи Сафедро таъмин мекунад, таҳқиқу баррасӣ месозад.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE