Форуми байналмилалии “Нақши такмили ихтисоси омӯзгорон дар ҷомеаи муосир
Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии “Нақши такмили ихтисоси омӯзгорон дар ҷомеаи муосир: тамоюл таҷриба,ва имкониятҳо” баргузор гардид.
Дар Форуми байналмилалӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои такмили ихтисоси Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Британия Кабир донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар ва шарикони рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур ин пеш аз ҳама: аҳамияти такмили ихтисоси омӯзгорон дар рушди маорифи муосир, мубодилаи таҷрибаҳои ватанӣ ва байналмилалӣ дар самти рушди маҳорати касбии омӯзгорон, ҷустуҷӯи имкониятҳои нав, равандҳои омодасозии омӯзгорон вобаста ба талаботи замони муосир ва бозори меҳнат, баррасии нақши таҳсилоти рақамӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе