Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд

Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ ва ҳамкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд. Дар ин хусус аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар форум намояндагони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Ҳадафи иштироки ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ аз густариши ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва технологӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сохторҳои дахлдори кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  иборат буд.

Дар ҷараёни форум устодони донишгоҳ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзо, инчунин марказҳои таҳқиқотӣ ва ширкатҳои инноватсионӣ мулоқоту гуфтушунид анҷом доданд. Ҳамзамон роҳҳои рушди ҳамкории муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки Созмони ҳамкории Шанхай  имрӯз на танҳо ҳамчун абзори ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, балки чун муҳаррики асосии рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳамкории инноватсионӣ байни давлатҳои аъзо хизмат менамояд.

Дар форум аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи миллӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди рақамикунонии бахшҳои иқтисод, илм ва маориф муаррифӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидаанд. Саҳми Донишгоҳи миллӣ дар раванди татбиқи ин солҳо назаррас мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE