Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2025 фаъолияти пурсамар дошт

Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов нишасти матбуотӣ доир гардид.Тавре Амир Иброҳимзода Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии  Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2025 донишкада дар самтҳои таълим, илм, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва идоракунии захираҳои инсонӣ дастовардҳои назаррас ба қайд гирифт. Шӯрои олимон дар 11 ҷаласа 88 қарор қабул намуд, ки 37 адади он ба самти таълим рабт дошт.

Айни ҳол дар донишкада 408 корманд фаъолият дошта, 21 нафар дорои дараҷаҳои илмӣ мебошанд. Равандҳои таълимӣ пурра автоматиконида шуда, сарбории омӯзгорон 163 400 соатро ташкил дод ва 1253 донишҷӯ таҷрибаомӯзиро 100% иҷро намуданд.

Дар бахши илмӣ 13 конфронс, 44 маҳфили илмӣ ва 26 мақола дар матбуоти миллӣ нашр гардиданд. Аз ҷониби устодон як қатор китобу монографияҳо ба нашр расиданд. Барои дастгирии унвонҷӯён маблағҳои ҳавасмандгардонӣ ҷудо шуданд.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо 36 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, 300 нафар бо либоси варзишӣ таъмин гардиданд. Дар самти корҳои тарбиявӣ беш аз 60 чорабинӣ баргузор гардид, аз ҷумла вохӯриҳо бо ниҳодҳои давлатӣ барои таблиғи тарзи ҳаёти солим ва муқовимат бо ифротгароӣ. Дар шабакаи иҷтимоии фейсбук 315 маводи тарбиявӣ нашр шуд.

Китобхонаи донишкада бо беш аз 70 ҳазор китоби электронӣ ва 56 500 китоб таъмин буда, 1000 китоб ба сарбозони кишвар туҳфа гардид.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE