Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ таъсис дода шуд
“Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ таъсис дода шуд. Марказ дорои 65 ҷойи нишаст, компютерҳои замонавӣ ва таҷҳизоти махсуси омӯзишӣ мебошад. Марказ имконият медиҳад, ки лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ дар заминаи технологияҳои муосир татбиқ шаванд ва донишҷуён ба захираҳои электронии байналмилалӣ дастрасӣ пайдо намоянд”- дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуоти Жило Гулназарзода- ректори донишгоҳи мазкур иттилоъ дод.
Лингвопарк (Парки технологӣ) бо як қатор муассисаҳо ва мақомоти давлатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ барои омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ба имзо расонид. Дар маҷмуъ, 244 нафар, аз ҷумла, 174 нафар барои забони англисӣ ва 70 нафар барои забони русӣ ба курсҳои забономӯзӣ ҷалб гардиданд. Дарсҳо аз ҷониби омӯзгорони баландихтисос ва бо истифодаи барномаҳои замонавӣ гузаронида мешаванд.
Т.Сатторов
Садои Душанбе