Айни замон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 8503 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 фаъолияти густурдаи таълимӣ, илмӣ ва ташкилӣ ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Барои соли таҳсили 2025–2026 ба донишгоҳ 3580 нафар довталаб қабул гардид, ки ҷалби донишҷӯён аз рӯйи 8 ихтисоси нав низ оғоз шуд.

Айни замон дар донишгоҳ 8503 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 677 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хатмкунандагони ихтиёриро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуд.

Бо мақсади мутобиқсозии таълим ба талаботи замони муосир, дар донишгоҳ гузариш ба таҳсилоти рақамӣ оғоз гардида, инфрасохтори муосири технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон, робитаи кафедраҳо бо истеҳсолот ва ҷорӣ намудани таълимоти дуалӣ густариш ёфтааст. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид.

Шукронаи Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE