Тоҷикистон аввалин медали таърихии худро дар чемпионати ҷаҳон оид ба қайиқронӣ ба даст овард!


Аз 4 то 7 сентябри соли 2025 дар шаҳри Гиёри давлатии Маҷористон чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ (марафон) байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон идома дорад. Дар чорабинии варзишии бонуфуз варзишгари умедбахши кишвар, Раҷабов Муҳаммадӣ, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об”-и шаҳри Душанбе дар масофаи 14.4 км С-1 каноэ байни наврасон сазовори медали биринҷӣ гардид.
🥉 Ин дастовард аввалин медали чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE