ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
аз 13 августи соли 2025, № 531
Дар асоси қарори мазкур, аз 1 сентябри соли 2025 нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои ҳамаи истифодабарандагони пойтахт чунин муқаррар шудаанд:
Аҳолӣ: 2,60 сомонӣ барои 1 м³
Ташкилотҳои буҷетӣ: 3,59 сомонӣ барои 1 м³
Ташкилотҳои тиҷоратӣ: 9,10 сомонӣ барои 1 м³
Илова бар ин, тартиби пардохт барои муштариёни аҳолӣ, ки бо ҳисобкунаки обӣ насб нашудааст, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №234 чунин муқаррар шудааст (сарикасӣ дар як моҳ барои 1 нафар):
Барои биноҳои баландошёна — 28,07 сомонӣ
Барои ҳавлиҳои хусусии бо об ва канализатсия таъминбуда — 23,39 сомонӣ
Барои хонаҳое, ки аз калонка ё ҷӯмакҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд — 7,41 сомонӣ