Бори аввал дар Душанбе Ҷоми ҷаҳони самбо баргузор мешавад

Рӯзҳои 20 ва 21-уми сентябр дар Душанбе барои бори якум мусобиқаи Ҷоми ҷаҳони куштии самбо доир мегардад.

Ин чорабинӣ дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, варзишгарон дар 14 вазн миёни мардону занон дар самбои варзишӣ ва самбои размӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳони самбо ба ҷуз Тоҷикистон то кунун 8 кишвари дигар – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Белорус, Булғористон ва Маҷористон ва Русия дархост пешниҳод кардаанд.

Ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар “Ҷоми Ҷаҳон оид ба самбо” дар Душанбе варзишгарон Анӯшервон Назарзода (58 кг), Хурсандмурод Баҳромов (58 кг), Сорбон Латипов (64 кг), Нозимҷон Охиров (64 кг), Муҳаммадисо Раҷабов (71 кг), Деваштич Устопириён (71 кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (79 кг) , Деваштич Убайдӣ (79 кг), Зафар Олимшоев (88 кг), Ҳамроз Раҷабов (88 кг), Муҳаммадҷон Зоидов (98 кг), Комроншоҳи Устопириён (98 кг), Хуршед Маҷидзода (+98 кг), Некрӯзшоҳ Некбахтзода (+98 кг) ва Гулнора Насриддинова (65 кг) ташкил медиҳанд.

манбаъ: ТВ ВАРЗИШ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE