Суперҷоми Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Ҳисор баргузор мегардад

Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2021, байни қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дастаи “Истиқлол” -и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллии кишвар дастаи , “Равшан” -и Кӯлоб, санаи 3 апрел баргузор мешавад. Ворӯрии мазкур соати 16:00 бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мешавад. Дохил шудани тамошобинон ба варзишгоҳ ройгон аст. Ин дувоздаҳумин Суперҷоми Тоҷикистон хоҳад буд, ки сар аз соли 2010 инҷониб баргузор карда мешавад.

Суперҷоми Тоҷикистон-2021

3 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ 16:00

«Истиқлол» – «Равшан»

Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор

Ҳамаи рақобатҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2020):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиклол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Бо пеналти – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хосилот» (Фархор) – 1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

varzishtv.tj

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE