Чемпионати ҷаҳон – 2022: Бозии интихобии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25 март баргузор мешавад

Конфедератсияи футболи Осиё тақвими марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022 ро дар моҳи марти соли ҷорӣ эълон кард. Аксари бозиҳо ба моҳи июн гузаронида шудаанд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии Чемпионати ҷаҳон — 2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25 март баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.

Илова ба бозии Тоҷикистон — Муғулистон, боз се бозии дигари мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон — 2022 дар Осиё моҳи март баргузор мешаванд: Арабистони Саудӣ — Яман (25 март, Риёз), Непал — Австралия (30 март, Катманду) ва Муғулистон – Япония (30 март, Чиба, Ҷопон).

Бояд таъкид намуд, ки ки моҳи июн мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Япония (7 июн) ва Мянма (15 июн) бозӣ мекунад.

 

Ҷоми Ҷаҳон 2022

Мусобиқаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «F». Даври 7-ум

Замон: 25 март (панҷшанбе)

Оғоз: соати 18:00

Дастаҳо: Тоҷикистон — Муғулистон

Макон: Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE