Мугамбӣ рекорди Роналдуро иваз кард

Дар бозии даври 26 – уми чемпионати Шотландия ҳимоятгари дастаи “Мазервелл” ва мунтахаби Уганда Бевис Мугамби бо задани гол ба дарвозаи “Росс Каунти” ба дастааш ғалаба овард ва рекорди Криштиану Роналдуро иваз кард.

Мугамби дар дақиқаи 72 – юм ҳангоми задани гол аз замин 75 сантиметр боло ҷаҳид ва аз баландии 262 сантиметр бо сараш гол зад.

Ин дар ҳолест, ки Роналду ҳангоми задани гол ба дарвозаи “Сампдория” дар соли 2019 аз замин 71 сантиметр боло ҷаҳида, аз баландии 256 см тӯбро ба дарвоза равон карда буд.

Бахтиёр ЗОИРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE