Маркази миллии тестӣ даври чоруми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар ИМД-2025 оғоз намуд

Аз 29 октябр то 28 ноябр давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025  баргузор мегрдад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои бақайдгирии довталабон (давраи чорум) дар 8 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд.

Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:

— шахсоне, ки дар ИМД 2025 ягон бор худро номнавис накардаанд;

— довталабони дар давраҳои якум, дуюм ва сеюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум, дуюм ва сеюм) иштирок накардаанд;

— довталабони дар яке аз даврҳои имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест холи гузаришро соҳиб нашудаанд;

— довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии давраҳои якум, дуюм ва сеюми ИМД 2025 комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;

— довталабоне, ки дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии давраҳои якум, дуюм ва сеюми ИМД 2025 аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

Шахси хоҳишманди иштирок дар даври чоруми ИМД 2025 бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад, зеро мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE