Сафири Тоҷикистон дар Парлумон ва Палатаи савдо ва саноати Муғулистон мулоқот анҷом дод
Ноябрь 25, 2025 11:38
24 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон Ибодзода Хайрулло бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Муғулистон ва Тоҷикистон дар Хурали Бузурги давлатии Муғулистон Оюунсайхани Алтангерел мулоқот намуд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва тақвияти фаъолияти Гурӯҳи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ карда шуданд.
Хайрулло Ибодзода инчунин бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Муғулистон Батарҷав Лхагважав мулоқот намуд. Зимни он масъалаҳои марбут ба роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳамкории саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷустуҷӯи роҳҳои логистикӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

