Cафири Тоҷикистон ба Президенти Узбекистон эътимоднома супорид
27 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Исматулло Насредин эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев супорид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни эътимодномасупорӣ сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев расонид.
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таҳкими ҳамкории мутақобили судманди дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногун, ки ба манфиатҳои ду мардуми бародар ҷавобгӯ мебошанд, ибрози андеша кард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

