IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст

Дар шоҳроҳи Душанбе  — Чанок бориши барф шиддат дошта, кормандони Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳаракат дар ин масир фаъолият доранд. 

Кормандони ширкат ҳатто шабона фаъолияти худро қатъ накарда,  кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ таъмин бошад.

Ҳоло тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он идома дошта, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути ин масир имконпазир аст.

АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE