Байни Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ширкати академии «Bright»-и Шоҳигарии Камбоҷа Ёддошти тафоҳум имзо гардид

17 декабр дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Ёддошти тафоҳум байни Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати академии «Bright» ба имзо расид. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти дарёфт, рушд ва дастгирии хонандагони болаёқат, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, баргузории олимпиадаҳо, озмунҳо, семинарҳо ва даврҳои такмили ихтисоси омӯзгорон равона гардидааст. Ин санад ҳамчунин табодули таҷриба дар истифодаи усулҳои муосири таълим, технологияҳои рақамӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаи ҳарду ҷонибро пешбинӣ менамояд.

Инчунин вохӯрии гурӯҳи кории ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раёсати Федератсияи хизматрасониҳои таълимӣ баргузор гардид. Ин федератсия тамоми муассисаҳои таълимии хусусии Камбоҷаро муттаҳид намуда, дар ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таълимӣ нақши муҳим мебозад.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба густариши ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо иштироки муассисаҳои таълимии хусусӣ, инчунин фароҳам овардани имконияти нав барои иштироки хонандагони тоҷик дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Имзои Ёддошти тафоҳум дар самти таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди устувори ҳамкорӣ дар соҳаи маориф қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE