Афғонистон: Ҷабҳаи муқовимат “Толибон”*-ро ба поксозии қавмӣ дар вилояти Панҷшер айбдор кард

Намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Алӣ Назарӣ гуфт, ки намояндагони  ҳаракати радикалии «Толибон»* ҳазорон сокинони маҳаллиро аз вилояти Панҷшер берун кардаанд.

«Онҳо поксозии қавмӣ анҷом медиҳанд ва ҷаҳон то ҳол ин вазъро мушоҳида ва нодида мегирад. Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунем, ки ба ин ҷиноятҳои ҷангӣ хотима бахшад»,- навиштааст роҳбари ҷабҳа дар Твиттер.

Қаблан хабарнигори афғон Кабир Васиқ дар бораи қатлҳои оммавӣ дар Панҷшер хабар дода буд. «Толибон бесабаб мардуми осоишта, аз ҷумла кӯдаконро тирборон мекунанд. Онҳо хонаҳои шаҳрвандони бонуфузро кофтуков мекунанд, ба мардум фишори шадиди равонӣ мерасонанд, таҳдиди куштор ва ҳабс пайваста садо медиҳанд”,- нақл кардааст Васиқ. Суханони ӯро агентии «Интерфакс» иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки толибон миёнаҳои моҳи август аз забти қудрат дар Афғонистон хабар доданд. Ва 6 сентябр онҳо хабар доданд, ки вилояти Панҷшер, ки дар қаламрави он неруҳои муқовимат ҷойгиранд, таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст.

__________________________

*Толибон – ҳаракати террористие, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнӯъ аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE