Дар Токио Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» (CA+JAD) баргузор мешавад

Аз 19 то 20 декабр дар шаҳри Токио Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» (CA+JAD) баргузор мешавад, ки дар он президентҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон) ширкат мекунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷопон иттиллоъ медиҳад
Интизор меравад , дар ҳамоиши мазкур ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди Осиёи Марказӣ ва Ҷопонро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Ҳадафи асосии он эҷоди платформаи устувор барои баррасии ҳамкории мутақобила ва масъалаҳои минтақавӣ мебошад.
Мавзӯъҳои асосии муҳокима амният ва суботи минтақавӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии дохилиминтақавӣ, мубориза бо терроризм ва ҷинояткории муташаккил, пешбурди ислоҳот ва рушди иҷтимоӣ, ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро дарбар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки суҳби имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» ба шаҳри Токиои Ҷопон сафар карданд.

Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе
Акс: Аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE