«Барқи Тоҷик»: Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон маҳдудияти неруи барқ шабона дар кишвар лағв шуд

Ба таваҷҷуҳи аҳолӣ ва истифодабарандагони неруи барқ расонида мешавад, ки ба муносибати моҳи шарифи Рамазон маҳдудияти неруи барқ шабона дар кишвар лағв шуд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти ҶСК «Барқи Тоҷик» хабар доданд.

Шуруъ аз 19-уми феврал аз соати 15°° то 8-и субҳ ба аҳолӣ барқ дода мешавад ва аз соати 8 то 15 маҳдудият боқӣ мемонад.

Инчунин, дар ҳолати беҳтар шудани вазъи обу ҳаво, боришот ва оби захиравии обанбори Неругоҳи барқи обии Норак пас аз моҳи шарифи Рамазон дар назар аст маҳдудият пурра бардошта шавад!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE