Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 1645 нафар донишҷуёни хориҷӣ таҳсил мекунанд
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино нишасти матбуоти баргузор гардид. Дар нишаст Ректори донишгоҳ Муҳиддин Нуриддин иброз доштанд,ки дар давраи ҳисоботи дар Донишгоҳ 1645 нафар донишҷуёни хориҷи аз 28 давлати дунё таҳсил намуда истодаанд, ки ин аз боло рафтани нуфузи Донишгоҳ дар сатҳи байналмиллали гувоҳи медиҳад. Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ таҳкид карда шуд ,ки айни замон раванди таълим дар донишгоҳ бо се забон ба роҳ монда шудааст,ки ин барои пурра фаро гирифтани раванди таҳсил ва аз худ кардани мавзуъҳои дарси заминаи муҳим мегузорад.

