То 23 июн аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои дар ИМД гузошташуда қабул карда мешаванд

Имрӯз натиҷаҳои даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 эълон карда шуданд. Дар ин хусус аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини ҳуқуқи довталабон барои арзёбии воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузарондан ё натиҷаҳои имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ (дар шакли хаттӣ) дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва ё норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дода мешавад.

Тибқи тартиби мазкур довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон дар рӯзи имтиҳон аз маркази имтиҳонӣ берун набаромада ва (ё) дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда давоми то 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳои иштироки довталабон дар имтиҳонҳо аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намояд.

Вобаста ба ин, аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои дар ИМД – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) гузошташуда давоми 3 рӯзи пас аз эълони натиҷаҳо, яъне аз 21 то 23 июл дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе), инчунин дар нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Рашт ва Шаҳритус қабул карда мешаванд.

Маркази миллии тестӣ хотиррасон менамояд, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имкони имтиҳон супоридан ё бо ин ё он роҳ ба даст овардани холи иловагиро надошта, дар рафти он танҳо дурустии холҳои барои имтиҳон ба довталаб гузошташуда санҷида мешавад. Агар варақаҳои ҷавобҳои довталаб тавассути барномаи компютерӣ бе хатои техникӣ коркард шуда, холҳои барои имтиҳони ӯ гузошташуда дуруст бошанд, аризааш баррасӣ карда намешавад.

Ёдрас мешавем, ки Комиссияи апеллятсионӣ ҳуқуқи ба довталаби аз ин ё он субтест холи гузаришро соҳибнашуда додани холи иловагиро надорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE