Маркази асосии тайёр намудани мутахассисони соҳаи маориф
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки роҳбарият, намояндагони сохторҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни нишаст роҳбарияти донишгоҳ оид ба натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар соли гузашта, дастовардҳои илмӣ-таълимӣ, ҷараёни омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва дурнамои рушди донишгоҳ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки донишгоҳ имрӯз яке аз марказҳои асосии тайёр намудани мутахассисони соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар рушди соҳа нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин, дар ҷараёни нишаст масъалаҳои марбут ба сифати таҳсил, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

