Имсол Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро 1803 нафар хатм намуданд
Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Соли ҷорӣ ба донишгоҳ 37 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Русия, Афғонистон, Эрон, Украина ва Қирғизистон дар зинаҳои ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва дар маҷмӯъ дар донишгоҳ айни ҳол 390 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил менамоянд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Қудрат Давлатзода иброз намуд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имсол донишгоҳро 1803 нафар донишҷӯён хатм намуд, ки аз инҳо 71 нафарашон бо дипломи аъло мебошад. Аз шумораи умумии хатмкунандагон тақрибан 90 фоизи донишҷӯён бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

