Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони  «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» машғулияти ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории машғулият муайян намудани дурнамои бунёд ва рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ дар китобхонаҳои  мамлакат, ба амал овардани тағйироти сифатӣ, мутобиқ гардонидани фаъолияти китобхонаҳо бо ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ талаб менамояд. Китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».

Иштирокдорон иброз намуданд, ки  Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун оғози марҳилаи сифатан нав барои муҳаққиқону мутахассисони соҳаи китобдорӣ шароит фароҳам овард, ки арзишҳою анъанаҳои мавҷудаи соҳаи китобдорӣ ва меъёрҳои китобдорӣ такмил дода шаванд.

Дар ҷараёни машғулият масоили такмил додани механизмҳои фаъолияти китобхонаҳо, тақвияти заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, иқтисодию молиявӣ ва илмию методӣ дар соҳаи китобдорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода   шуд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE