«Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2025–2030»

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025 ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар самтҳои таълим, илм, инноватсия ва рушди инфрасохтор самаранок ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Тавре Бобоҷон Сатторзода ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иброз доштанд, дар ин давра донишгоҳ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 5 соли оянда аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардид. Ҳамчунин, «Стратегияи рушди ДДМИТ барои солҳои 2025–2030» таҳия ва тасдиқ шуд.

Донишгоҳ дар Рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавқеи 4-умро устувор нигоҳ дошта, робитаҳои байналмилалии худро густариш дод. Айни замон 160 шартномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои хориҷӣ амал мекунад, ки 8-тои он дар соли 2025 ба имзо расидааст.

Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE