Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Роғун

Дар соли 2025 дар шаҳри Роғун ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти нерӯи барқи НБО Роғун ба 356,0 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 24.2 миллион сомонӣ зиёд буда, 107.3 фоиз таъмин гардид. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беназардошти нерӯи барқи НБО Роғун ва шабакаи барқ, 6,8 миллион сомонӣ, расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024, 6.2 миллион сомонӣ кам мебошад. Дар ин бора Сунъатулло Саидзода – раиси шаҳри Роғун имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар мақомоти маҳал иттилоъ дод.
Ба гуфтаи масъулин, нақшаи тасдиқшуда ҳамаи намудҳои андозу даромадҳо, дар 12 моҳи соли 2025 ба ҷойи 169.7 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ (бо назардошти андози иҷтимоии ғайри буҷетӣ) 213,2 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нишондод 125.7 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Нишондоди мазкур нисбат ба нақша 43,5 миллион сомонӣ андозҳо зиёд ворид гардидааст.

Т.Сатторов

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE