Тоҷикистон ба мардуми осебдида кӯмакҳои башардӯстона мерасонад
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали сар задани низоъ дар Ғазза пайваста ба мардуми осебдида кӯмакҳои башардӯстона ва молиявӣ мерасонад ва рӯзҳои наздик корвони нави кумак тавассути қаламрави Миср ирсол хоҳад шуд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо такя ба усули «дарҳои кушода» амалӣ гардида, рушди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва ҳамкории судманд бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таъмин шудааст.
Қайд карда шуд, ки соли 2025 барои дипломатияи тоҷик соли бобарор буда, сафарҳои байналмилалии сатҳи баланд, баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ дар Душанбе, аз ҷумла Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, инчунин Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дошт ва 10 октябр дар Душанбе Саммити сарони давлатҳои ИДМ баргузор шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ Тоҷикистон ду қатъномаи муҳими Созмони Милали Муттаҳидро пешниҳод ва қабул намуд, ҳамчунин як қатор номинаҳои таърихию фарҳангии кишвар ба феҳристҳои UNESCO шомил гардиданд.
Ҳамзамон, Вазири корҳои хориҷӣ аз қабули ду қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ, густариши дипломатияи иқтисодӣ, таҳкими робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя, Осиё, Аврупо, Амрико ёдовар шуда, нақши фаъоли Тоҷикистонро дар рӯзномаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Зикр шуд, ки соли 2026 идомаи сафарҳои сатҳи олӣ ва баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар назар аст.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

