Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе қабули насли чоруми донишҷӯёнро дар соли таҳсили оянда оғоз мекунад

Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) дар шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, пас аз қабули донишҷӯёни насли сеюм дар соли таҳсили 2025–2026, барои ҷалби насли чоруми таҳсилкунандагон омодагӣ мебинад.

MDIS Душанбе аз соли 2021 фаъолият намуда, барномаҳои байналмилалии бакалавриат ва магистратура, аз ҷумла MBA-ро дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир — Донишгоҳи Сандерланд ва Донишгоҳи Тессайд амалӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён дар Тоҷикистон бидуни сафар ба хориҷ дипломи Британияи Кабир гиранд.

Шумораи донишҷӯён сол ба сол афзоиш ёфта, аз 25 нафар дар соли аввал то 51 нафар дар соли сеюм расидааст. Ҳамзамон, тавассути шарикони стратегӣ барои донишҷӯён квотаҳои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва коромӯзӣ фароҳам оварда шудаанд.

Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE