Донишкадаи энергетикии Москва дар Озмуни «Умеди энергетика» ҷои аввалро гирифт

Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 фаъолияти худро бо натиҷаҳои мушаххас ҷамъбаст намуд. Айни ҳол дар филиал 341 донишҷӯ таҳсил намуда, 57 нафар корманд, аз ҷумла 19 омӯзгор, ба таълим ва илм машғуланд.

Дар соли ҳисоботӣ пойгоҳи лабораторӣ тақвият ёфта, ду таҷҳизоти муосири физикӣ харидорӣ шуд, ки сифати корҳои озмоиширо ба таври назаррас беҳтар намуд. Донишҷӯёни филиал дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда, дар озмуни «Умеди энергетика» ҷойи аввал дар ҳисоби даставӣ ва се ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд.

Ҳамзамон, 69 донишҷӯ рисолаҳои хатмро ҳимоя намуда, 4 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд. Зикр шуд,ки Донишкада 60 фоизи хатмкунандагони худро бо ҷой кор таъмин кардааст.

Филиали ДЭМ дар Душанбе бо тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва ҳамкории фаъол бо истеҳсолот дар рушди энергетикаи Тоҷикистон саҳми муассир мегузорад.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE