Дар Душанбе вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Дар Душанбе дар доираи баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон дар шакли «Соҳибкор бо Соҳибкор» (B2B) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Вохӯрӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он беш аз 150 ширкат аз ҳарду ҷониб ҳузур доштанд.

Роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон,  намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои фарматсевтика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасонии молиявӣ ва сайёҳӣ, инчунин технологияҳои иттилоотӣ дар панелҳои алоҳида иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ байни субъектони бахши хусусии ду давлат якчанд санади нави ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои расида, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 175,2 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 млн доллар ё 11,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон вазни хоси савдои мутақобила бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,4 фоизро ташкил дода, дар ҷои 7 қарор гирифт. Дар ин давра ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маблағи 63 млн доллар молу маҳсулот содирот гардида, воридот ба 112,2 млн доллар баробар гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE