Дар ҷумҳурӣ 3972 корхонаи саноатӣ бо 92927 ҷойи корӣ ба қайд гирифта шудааст

Дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар ба 66,7 млрд сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2024 рушд 22,1% ё ба маблағи 13,3 млрд сомонӣ зиёд мебошад.Дар ин бора имрӯз Шералӣ Кабир –  вазири саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Дар соли ҳисоботӣ аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 51,8% ба саноати коркард, 30,0% ба саноати истихроҷ, 17,6% ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво, 0,6% ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа рост меояд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар ҷумҳурӣ 3972 корхонаи саноатӣ бо 92927 ҷойи корӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешина 198 корхона зиёд мебошад.

Дар ин давра дар қаламрави кишвар 396 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 13113 ҷойи корӣ, ба истифода дода шудааст. Аз ҳисоби корхонаҳои нав дар ҳамин давра зиёда аз 198,75 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Т.Сатторов
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE