Воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 925,3 миллион доллари амрикоиро ташкил дод

Дар соли 2025 воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 925,3 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 ба маблағи 1 798,6 миллион доллар ё 35,1 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
​Султон Раҳимзода, раиси ин ниҳоди давлатӣ, дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон хабар дод, ки яке аз омилҳои муҳими таъмини ҷалби сармояи хориҷӣ — ин такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.
​Дар идома Султон Раҳимзода қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ воридоти сармояи хориҷӣ аз давлатҳои аъзои ИДМ 3 031,0 миллион доллари ИМА ё 43,8 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 ба маблағи 1 067,3 млн доллари амрикоӣ ё 54,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Нигинаи Давронзод
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE