Дар шаҳри Ҳисор сохтмони бинои мактаби замонавии мусиқӣ оғоз шуд

Дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бинои нави мактаби мусиқӣ бунёд мегардад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Иншоот ҷашнӣ буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳа, бинои мактаби мусиқӣ, ки аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Мақсуд-2019» сохта мешавад, аз се ошёна, 16 синфхона, толори маҷлисгоҳ ва дигар утоқҳои зарурӣ иборат мебошад. Мактаби нави мусиқӣ ба кӯдакону наврасон имконият медиҳад, ки дар синфҳо навохтани асбоби гуногуни мусиқӣ, ба мисли фортепиано, скрипка, асбоби халқӣ ва касбии нафасӣ, торӣ ва овозхонию санъати тасвириро аз худ намуда, дар маҳфилҳои хореографӣ ва драмавӣ ҳунару истеъдодашонро сайқал диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Мактаби бачагонаи мусиқии ба номи Саид Ҳамроев дар шаҳри Ҳисор соли 1949 таъсис ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Муассиса дар тавозуни бахши фарҳанги шаҳр буда, ҳоло дар он даҳ маҳфил амал менамоянд. 34 устодони соҳа ба шогирдон асосҳои назариявию амалии санъати мусиқиро дар созҳои миллии ғижжак, доира, рубобҳои қашқарӣ, прима ва бадахшонӣ, дутор ва ғайра таълим медиҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE